ОБТАЪМИНКУНИИ 400 000 АҲОЛИИ ДЕҲОТ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ. Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд

Ноябрь 19, 2021 11:34

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони якчанд сохторҳои давлатии кишварамон дар мавзӯи «Рафти иҷрои Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.

Қодири Қосим   оид ба масъалаи мазкур иброз намуд, ки ҳалли масъалаҳои обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар қатори дигар комёбиҳо бевосита ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо зикр намудаанд, ки дар шароити имрӯза зарурат ба беҳтарсозии вазъи обтаъминкунӣ ва беҳдошти аҳолии мамлакат, хусусан дар давраи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба миён омадааст.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсиддинзода иброз намуд, ки “дастрасии оби нӯшокӣ дар манотиқи деҳот яке аз масълаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, ин нукта пайваста зери дастгирии доимии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва  “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025”таъмини аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ мавқеи хоссаро ишғол намуда, дар онҳо дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат ҳаматарафа инъикоси худро ёфтаанд”.

Солҳои охир масоили дастрасии оби нӯшокӣ дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса ишғол намуда, дар шарикӣ бо ташкилоти маблағгузор ва институтҳои молиявӣ 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 8 млрд сомонӣ татбиқ гардидаанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар намудани таъминоти дастрасии оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳуни  вилояти Хатлон равона карда шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 58 миллион доллари ИМА-ро  ташкил дода, иҷрои корҳо  солҳои 2019 -2025– ро дар бар мегирад.

Дар асоси нақша обтаъминкунии 400 000 аҳолии деҳот пешбинӣ шудааст.

Амалишавии лоиҳаҳои барқарорсозии инфрасохтори таъминоти оби нӯшокӣ ва сохтмони шабакаҳои нав дар маҷмӯъ устувории минбаъдаи идора ва истифодаи самараноки онҳоро дар заминаи татбиқи лоиҳаҳо дар бар мегирад, то самараи ин кор даҳсолаҳо дар хизмати мардум бошад.

Барои такмили заминаи ҳуқуқии татбиқи лоиҳаҳо Маҷлиси намояндагон қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи сармоягузорӣ”  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки механизми татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи бахши хусусиро танзим менамояд.

Масъалаи мазкур дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 дар самтҳои ташаккули низоми меъёрию ҳуқуқии идоракунии шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт, татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирӣ ҷиҳати таҳким додани иқтидори миллӣ дар қисмати обтаъминкунӣ ва санитария пурра инъикоси худро ёфтаанд.

Ҳамзамон ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самтҳо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро дар ҳалли ин масъалаҳо талаб менамояд.

Зикр шуд, ки сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт буда, ҷойи аввалро дар муқоиса бо захираҳои табиӣ сармояи воқеӣ ва молиявӣ ишғол мекунад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои рушди сармояи инсонӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ пешбурди фарогирии иҷтимоӣ тариқи баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хусусан обтаъминкунӣ ва беҳдоштро талаб менамояд.

Дарвоқеъ, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.

Муҳокимаи парлумониро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ҷамъбаст намуда, иброз намуд, ки “татбиқи лоиҳаи мазкур ва дар заминаи таҷрибаи он ҷалби дигар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таъминоти аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ ва ба ин васила ҳалли масоили иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми арзанда мегузоранд”.

Дар ҳамоиш директори генералии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода ва директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ Ҷамшед Сатторзода сухан гуфтанд.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 АКС: МН МОҶТ

Ноябрь 19, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Ба сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуданд