Тоҷикистон воридот ва содироти воситаҳои нақлиётро афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Тоҷикистон аз аввали соли равон воридоту содироти воситаҳои нақлиётро афзоиш додааст. Воридоти воситаҳои нақлиётӣ ба ҷумҳурӣ дар ин муддат 43,9 фоиз ва содирот 1,9 баробар афзудааст.
Тибқи хабари Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ корхона оид ба банду басти автобусҳои мусофиркашонӣ ва тракторҳои кишоварзӣ таъсис дода шудааст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридоти воситаҳои нақлиёт нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2020-ум 43,9 фоиз ё беш аз 184,2 миллион доллар зиёд шудааст. Маблағи умумии воридоти воситаҳои нақлиёт дар ин давраи соли равон беш аз 265 миллион долларро ташкил медиҳад. Тоҷироне, ки ба воридоти воситаҳои нақлиёт машғуланд, бар ин боваранд, ки афзоиши воридоти мошинҳо ба талабот ба он дар бозори дохилӣ вобаста аст, бо вуҷуди он ки нархи сӯзишворӣ аз оғози соли ҷорӣ пайваста боло меравад.
Воситаҳои нақлиёт, хусусан мошинҳои сабукрав асосан аз кишварҳои назди Балтика, Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ воридот мегарданд. Ва дар бозори воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ҷои аввалро истеҳсолкунандагони чинӣ ишғол мекунанд.
Содироти воситаҳои нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,9 баробар афзоиш ёфтааст. Маблағи воситаҳои нақлиётии содиротӣ дар ин давра беш аз 7,3 миллион долларро ташкил дод.
Акс аз манбаъҳои боз








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






