Ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Русия ба беш аз $1 млрд расид

Декабрь 1, 2021 12:19

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Табодули мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар 10 моҳи соли равон ба беш аз $1 млрд расид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 30 ноябр ба мухбири ТАСС намояндаи тиҷоратии ФР дар Тоҷикистон Евгений Коренков дар ҳошияи конфронси ҳаштуми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, ки дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, иттилоъ дод.

«Русия дар тӯли 12 сол чун пештара яке аз шарикони фаъоли Тоҷикистон дар самти иқтисод ва савдо ба ҳисоб рафта, давоми 8-10 сол ҳиссаи мубодила аз 20-24% поён нарафта, тибқи натиҷаи 10 моҳи соли ҷорӣ мубодилаи мол беш аз 1 млрд долларро ташкил дод»,-зикр намуд Коренков. Ба гуфтаи ӯ, ин рақам таърихӣ буда, тибқи натиҷаҳои солона интизор меравад ин нишондиҳанда ба 1,1-1,2 млрд доллар расад. «Ин афзоиш нисбат ба соли 2020 беш аз 25%-ро ташкил дод»,-афзуд намояндаи Палатаи савдо ва иброз дошт, ки дар навбати  аввал аз ФР техникаҳои соҳаи сохтмон ва мошинҳо ворид мешаванд.

Намояндаи Палатаи савдо оид ба вусъат ёфтани сохтмонҳо дар Тоҷикистон, алалхусус дар Душанбе сухан карда, афзуд ки дар ин самт талабот ба металл, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ афзуда, воридоти он зиёд карда мешавад. Ӯ инчунин  дар сатҳи муқаррарӣ қарор доштани воридоти маводи сӯзишворӣ дар гардиши мол миёни ду кишвар (35%) ишора кард.

«Дар самти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 51 дарсади аҳолӣ ба ин соҳа машғул аст ва талабот ба техникаи кишоварзӣ хеле зиёд аст»,-изҳор медорад Коренков. Ӯ аз баргузории бузургтарин намоишгоҳи техникаи кишоварзии «Рӯзи саҳрои Русия» дар шаҳри Душанбе, ки  дар 15 соли охир беназир маҳсуб мешавад, сухан кард. Дар намоишгоҳи мазкур 16 ширкати русиягӣ намояндагӣ мекарданд. Ба гуфтаи Коренков, дар ҷараёни намоиши мазкур ҷонибҳо барои харидории беш аз 30 адад мошинҳои кишоварзӣ ба тавофуқ расиданд.

Коренков ҳамчунин оид ба раванди болоравии воридот ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ иброз намуд, ки воридот аз Тоҷикистон ба Русия то 2 маротиба афзоиш ёфт. «Ин бо шарофати созишномаи байни хадамоти гумруки ду кишвар оид ба назорати содакардашудаи гумрукӣ, ба истилоҳ долони сабз ба даст омадааст ва ҳоло ин танҳо маҳсулоти ғизоӣ, сабзавоту меваҷот ва меваҳои хушк аст»,-гуфт ӯ. «Моро Вазорати кишоварзӣ ва Палатаи савдо ва саноати Русия дастгирӣ намуданд ва пешниҳоди мазкур дар якҷоягӣ бо ҷониби Тоҷикистон ба Хадамоти гумрук равона гардида, дар кӯтоҳтарин муддат баррасӣ карда мешавад»,-иттилоъ дод намояндаи палатаи савдо.

Дар бораи конфронс

Дар конфронси  8-уми ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, логистика ва иқтисоди рақамӣ», «Минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия: ҷавонон ва ҷанбаҳои таълимии ҳамкорӣ» ва «Рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия: роҳҳои ҳалли шаҳрӣ» баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати саноат ва савдои ФР

Декабрь 1, 2021 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид