Ба Тоҷикистон 141 ҳазору 570 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи механизми КОВАКС ба Тоҷикистон 141 ҳазору 570 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Вояи ваксинаи «Pfizer-BioNTech» бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ворид шудааст.
То 15 декабр дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686 нафар ё 58,1 фоизи одамон бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 754 ҳазору 739 нафар ё 47,3 фоизи шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.
Бояд гуфт, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 14 декабр ба Тоҷикистон 153 000 вояи ваксинаи изофӣ аз Pfizer эҳдо кард. Вояҳои ваксина тавассути механизми COVAX — ташаббуси ҷаҳонӣ барои мусоидат дар дастрасии баробар ба ваксинаҳои COVID-19 имконпазир гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






