Барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳоро дар фасли зимистон шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимистон, новобаста аз сардиҳо фасли муъҷиза ва афсонаҳост, зеро резиши барфи сафед рӯҳбахшу равшангари қалбҳост. Аммо дар ин фасли сол шаҳрвандон, бахусус ронандагонро мебояд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд. Зеро коршиносон иброз медоранд, ки баъзан аз ҷониби бархе ронандагон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ садамаҳои нохуши нақлиётӣ дар роҳҳо сар мезананд.
Дар ҳамин ҳол омӯзгори фанни қоидаи ҳаракат ва сохтори автомобил дар Мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Давлаталӣ Сангов мегӯяд, ки дар зимистон нисбат ба дигар фаслҳои сол бо сабаби яхбандӣ ва ё лағжонак будани роҳҳо ҳаракати воситаи нақлиёт мушкилтар мегардад. Аз ин рӯ ҳар як ронандаро мебояд, ки дар ин фасл истифодаи дурусти нақлиёт ва қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳоро риоя намояд, то ин ки ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар нагузорад.
Мавсуф бобати истифодаи дурусти нақлиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ дар барномаи навбатии «Маслиҳати мутахассис» чанд тавсияи муфид пешниҳод намуд.
Шумо метавонед барномаи «Маслиҳати мутахассис»-ро имрӯз, соати 10:30 (асл), инчунин такроран соатҳои 14:30 ва 20:30 аз мавҷи Радиои «Ховар» — 101,5 FM бишнавед.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






