Дар Душанбе бахшида ба Соли нав ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудаанд

Декабрь 23, 2021 08:41

ДУШАНБЕ, 23.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 31 декабри соли 2021 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи Соли нави мелодии 2022  ташкил гардидаанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Қурбоналӣ Раҳмон.  

«Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),  дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва  дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шудаанд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ярмаркаи мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе»,  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, кишоварзони вилояти Суғду Хатлон  ва ноҳияҳои тобеи марказ  маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи мавриди  ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров иттилоъ дод, ки дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзӣ ва   ғайра бо нархи дастрас ва сифати хуб ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод мешаванд.

Бо баргузор намудани чунин ярмаркаҳо сокинон метавонанд маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро  бо нархи нисбат ба бозор  арзонтар дастрас намоянд. Ҳадаф аз ташкили ярмаркаҳо — таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ ва инчунин ғанӣ гардонидани хони солинавии сокинони шаҳр мебошад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 23, 2021 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад