«ДИПЛОМ МЕДИҲЕМ, ВАЛЕ КАЛЛАҲО ХОЛӢ…». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд аз шакли кӯҳнаи таҳсил даст кашид ва таълимро ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид

Декабрь 22, 2021 15:15

ДУШАНБЕ, 21.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мо бо усулу барнома ва конспектҳои кӯҳнаи худ ҷавононро наметавонем соҳибкасб намоем. Аксарияти омӯзгорони мо системаи нави иттилоотӣ ва кор кардан бо донишҷӯёнро намефаҳманд. Мо диплом медиҳем, вале каллаҳо холӣ, бояд аз ин усули таълим даст кашида, онро ислоҳ намуд ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 21 декабр  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри боз ҳам  рушд ёфтани  соҳаи таҳсил дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барнома ва конспектҳои омӯзгорон ислоҳ карда шаванд ва  ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.

«Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд», —  супориш доданд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисо ба омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

«Бо ин мақсад роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил эътибори аввалиндараҷа диҳанд», — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз дошт, дар Паёми навбатии Пешвои миллат бахусус дар соҳаи маориф он мушкилотеро баён доштанд, ки имрӯз сари он бояд Вазорати маориф ва илми мамлакат ва ҳамаи кормандони соҳаи маориф ҷиддӣ андеша намуда, дар раванди ислоҳи камбудиҳои зикргардида саҳм гузоранд.

«Яке аз масъалаҳое, ки Сарвари давлат таъкид карданд, сифати таҳсил буда, бе таълими хуби омӯзгор он наметавонад  боло бурда шавад. Аз ин лиҳоз омӯзгороне, ки касбӣ нестанд, бо педагогика ва психология шиносоии хуб надоранд, наметавонанд диққати хонандаю донишҷӯро ҷалб намоянд. Омӯзгор бояд аз истифодаи технологияҳои муосир пурра бархурдор бошад ва ба ин восита талаботи шогирдонро қонеъ карда тавонад», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба зикри Ҷалолиддин Амиров, омӯзгорон барои фаъолият дар ин ё он муассисаи таълимӣ тариқи озмуни ҷоринамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд. Имрӯз зарурати тағйир додани озмуни мазкур ба миён омадааст. Бояд он дар шакли нав тарҳрезӣ гардад ва талаботи зеринро дар бар гирад: омӯзгор бо педагогика ва психология хуб шинос бошад; психологияи ҳар  кӯдак ё донишҷӯро омӯхта тавонад- бо ин роҳ диққати хонандаро ба худ ҷалб намояд; раванди таълимро хуб ба роҳ монад; бо технологияи муосир кор карда тавонад. Агар чунин талабот дар озмун  ҷорӣ гардад, бешак, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони касбӣ пурра таъмин мегарданд.

«Омӯзгорон бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯйи навгонӣ бошанд, дониши худро сайқал диҳанд, пайваста ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Онҳо бояд нисбат ба касби худ шавқу рағбат дошта, ба манфиати шогирдон ва ҷомеа кор кунанд. Соати дарсии худро беҳуда нагузаронда, тавре амал намоянд, ки хонанда ё донишҷӯ аз он дарс баҳра бардорад», — таъкид намуд Ҷалолиддин Амиров.

Сардори маркази матбуоти Академияи илмҳо Машраби Абдулло дар саҳифаи иҷтимоии фейсбукии худ вобаста ба  Паёми ироанамудаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшро баён намуда, иброз доштааст, ки чун ҳамеша таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф мушоҳида мешавад. Бо дарназардошти таъкидҳои Пешвои миллат тибқи Паёми ироашуда рушди ҷомеаи Тоҷикистон бо истифода аз дастовардҳои илму маорифи кишвар қурб пайдо мекунад. Дар замони муосир пешрафти ҳеҷ як ҷомеа бидуни рушди илм тасаввурнопазир мебошад.

Ҳар кӣ бо илм ва иттилоот мусаллаҳ аст, ҷаҳонро идора мекунад. Махсусан, дар ҳоле, ки  сафи истифодабарандагони интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4,5 миллион нафар расидааст,  бояд тарзи  корбарӣ аз интернет, фарҳанги қабул ва истифодабарии дурусти иттилоот  иттилоот бояд таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ дар шакли муносиб ва самарабахш пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон зимни ироаи Паёми навбатӣ Президенти мамлакат инчунин дастур доданд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2021 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент