Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба қисми ҳарбии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин туҳфаҳои солинавӣ ва маводи озуқаворӣ расонид

Декабрь 28, 2021 14:54

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳамасола 28 декабр ҷашн гирифта мешавад ва Соли нави мелодӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кисми ҳарбии ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ки хифзи як қисми сарҳади давлатӣ ба зиммаи онҳо вогузор шудааст, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои идона расонида шуданд.

Кумак аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, макарон, сабзӣ, пиёз ва ғайра иборат буда, инчунин барои хизматчиёни ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Ҳоҷазода дар суҳбат бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ вобаста ба таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, дар иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Афсарону сарбозон ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат содиқона хизмат намуда, сарҳади давлатиро муҳофизат менамоянд.

  АКСҲО: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Декабрь 28, 2021 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад