ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара ярмарка-фурӯши ангишт оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИМТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ярмарка-фурӯши ангишт оғоз шуд, ки то пагоҳ идома меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Дар ярмарка-фурӯши ангишт 6 корхонаи ангиштбарор, аз қабили КФ Шахтаи «Фон-Яғноб», КФ «КА Зиддӣ», ҶСК «Ангишт», ҶСК «Ангишти Камароб», ҶДММ «Вена», ҶДММ «Тако Ресурс» ва ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» иштирок доранд.
Муовини директори генералии КВД «Ангишти тоҷик» Ҳусайн Асоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки нархи як кг ангишт имрӯз вобаста ба навъҳои он 50 дирам, 70 дирам ва 1 сомонию 20 дирам ба фурӯш бароварда шудааст.
Мавсуф зикр дошт, ки дар ярмарка ба миқдори ҳазор тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст. Пагоҳ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара ба миқдори 300 тонна ангишт ба фурӯш бароварда мешавад.
Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини талаботи аҳолии кишвар бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2021-2022, инчунин ҷиҳати ба эътидол овардани нархи фурӯши ангишт бо нархҳои дастрас чунин ярмаркаҳоро роҳандозӣ менамояд.
Дар назар аст, ки ярмарка-фурӯши ангишт дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила роҳандозӣ гардад.
АКСҲО: вилояти Хатлон











ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






