Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 04.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо ҳаммуассиси ширкати «Hans Biotech» СО., LTD./«Опе Heart Smart» СО., LTD. Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.
Бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва оммавӣ гардондани сайёҳӣ миёни Hans Biotech» СО., LTD./«Опе Heart Smart» СО., LTD. Ҷумҳурии Корея ва КВД «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ»- и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ёдрас мешавем, ки ҳайати доираҳои сармоягузории Корея дар доираи иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея ба кишвари мо омада буданд.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ








Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид






