«ҲУКУМАТ ВА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН БА ИЛМ БОВАР КАРДАНД, НА БА ХУРОФОТ». Табиби маъруфи амрикоӣ Ораш Алоӣ омилҳои асосии муваффақияти кишварро дар мубориза бар зидди коронавирус номбар кард

Декабрь 8, 2021 12:36

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Табиби маъруфи эронитабори Амрико, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси коршинос ҳамкорӣ дорад ва пас аз  силсилаи суҳбатҳояш оид ба COVID-19 дар ВАО-и Тоҷикистон дар ҷомеаи мо маҳбубият пайдо намуд, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» омилҳои асосии муваффақияти кишварро дар мубориза бар зидди коронавирус номбар кард.

Номбурда аз Амрико бо мо дар тамос шуд ва ёдовар гардид, ки аз пайдоиши бемории сироятии COVID-19 қариб 2 сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддат барномаҳои бисёре аз кишварҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

«Мо кишварҳоро метавонем ба гурӯҳҳои мухталиф тақсим кунем. Кишварҳое, ки муваффақ амал карданд ва ин муваффақияти худро нигоҳ доштанд. Кишварҳое, ки дар баъзе маворид муваффақ буданд, вале дар  мавориди дигар  боз дучори мушкил шуданд ва кишварҳое, ки аз аввал номуваффақ амал карда, ҳанӯз ҳам мушкили назорати ин бемориро доранд», — зикр кард ӯ.

Тоҷикистон, ба андешаи Ораш Алоӣ, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки то ҳол аз лиҳози амалкарди COVID-19 муваффақ аст.

Табиби амрикоӣ бо зикри омилҳои асосии ин муваффақият тазаккур дод, ки мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон бемории COVID-19-ро аз рӯзҳои аввали хуруҷи он мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор доданд.

«Ҳукумат ситоди миллӣ ташкил кард ва ситод низ ба барномаҳои COVID-19 аҳамияти ҷиддӣ дод. Мардум низ ба барномарезиҳое, ки аз тарафи мутахассисон таҳия шуданд, бовар карданд», — гуфт ӯ.

Дар идома Ораш Алоӣ зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон, ситод ва мардум ба тавсияҳои илмӣ бовар карданд, на ба хурофоту баҳсҳои ғайриилмӣ.

«Мо мебинем, он кишварҳое муваффақ буданд, ки ба илм бовар карданд ва ҳукумату мардум тавсияҳои илмиро мавриди қабул қарор доданд. Кишварҳое, ки дучори мушкил буданд, ба илм таваҷҷуҳ накарданд», — таъкид кард роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк.

Нуқтаи бисёр муҳиме, ки ҳамсуҳбати Агентӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир кард, ин аст, ки коронавирус бисёр тез ва боҳуш аст ва намудҳои наве аз худ дуруст мекунад.

Дар ин иртибот табиби амрикоӣ изҳор дошт, ки агар мардум ваксинаро комил нагиранд ва ниқоб напӯшанд, он гоҳ хатари мувоҷеҳ шудан ба мавҷҳои нави COVID-19  боқӣ хоҳад монд.

«Дар иёлати Калифорнияи Амрико, ки ҳоло ман аз ин ҷо бо шумо суҳбат дорам, барномаҳо ба ҳолате, ки дар замони авҷи COVID-19  роҳандозӣ шуда буданд, ҳоло ба иллати пайдоиши  намуди нав бо номи омикрон дубора баргаштанд», — зикр намуд ӯ.

Омикрон, ба таъкиди Ораш Алоӣ, бисёр тез сироят мекунад ва бинобар ин, табиб аз мардуми Тоҷикистон даъват намуд, ки ба он таваҷҷуҳ диҳанд, то ки  хавф надошта бошанд.

Табиби амрикоӣ кори анҷомдодаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар самти огоҳонидани мардум дар замони хуруҷи беморӣ бисёр олӣ хонд ва идома додани ин тадбирро мувофиқи мақсад шумурд.

«Бале, беморӣ сахт аст ва аз 1 то 3 % кушандагӣ дорад, вале бо хавф ва ҳарос намешавад пеши онро гирифт, балки бо ҳушёрӣ ва ва бархӯрди илмӣ метавонем аз он ҷилавгирӣ намоем», — тазаккур дод роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк.

Ба гуфтаи Ораш Алоӣ, шахсони қаблан гирифторшуда низ метавонанд боз ба намуди нав сироят ёбанд.

Номбурда ҳамчунин тазаккур дод, ки ҳатто шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд.

Дар фарҷоми суҳбат ӯ Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мардумро барои дастовард дар самти назорати COVID-19 табрик гуфт.

                                                                Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2021 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент