Вазъ ва дурнамои масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар».
Иштирокдорони конфронс дар мавзӯъҳои «Масъалаҳо ва муваффақияти сиёсати кадрӣ дар идоракунии давлатӣ», «Шуғли пурмаҳсул–омили таҳкимбахши иқтидори кадрӣ», «Тамоюли омодасозии кадрҳои ҷавон дар идоракунии давлатӣ ва тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар», «Технологияи интихоби хизматчиёни давлатӣ ва ҷавонгардонии ҳайат» ва ғайра маърӯза намуданд.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ зикр кард, ки сиёсати давлатии кадрҳо дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад ва маҳз бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем, зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
— Сарвари давлат зикр намуданд, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад»,-аз суханронии Пешвои миллат иқтибос овард Х.Зиёӣ.
Номбурда тазаккур дод, ки ин таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозанд, ки ба сиёсати давлатии кадрҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар соҳаи илму маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтсоси муосир беш аз пеш масъулият зоҳир намоем.
Иштирокичён баргузории чунин ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро муҳиму арзишманд ҳисобида, изҳори боварӣ намуданд, ки нишасти илмии имрӯза ба рушди минбаъдаи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиши илмиву амалӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
АКС: аз МТС








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






