Вазъ ва дурнамои масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Декабрь 24, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар».

Иштирокдорони  конфронс дар  мавзӯъҳои «Масъалаҳо ва муваффақияти сиёсати кадрӣ дар идоракунии давлатӣ», «Шуғли пурмаҳсул–омили таҳкимбахши иқтидори кадрӣ», «Тамоюли омодасозии кадрҳои ҷавон дар идоракунии давлатӣ ва тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар», «Технологияи интихоби хизматчиёни давлатӣ ва ҷавонгардонии ҳайат» ва ғайра маърӯза намуданд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ зикр кард, ки сиёсати давлатии кадрҳо дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад ва маҳз бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем, зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

— Сарвари давлат зикр намуданд, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад»,-аз суханронии Пешвои миллат иқтибос овард  Х.Зиёӣ.

Номбурда тазаккур дод, ки  ин таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозанд, ки ба сиёсати давлатии кадрҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар соҳаи илму маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтсоси муосир беш аз пеш  масъулият зоҳир намоем.

Иштирокичён баргузории чунин ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро муҳиму арзишманд ҳисобида, изҳори боварӣ намуданд, ки нишасти илмии имрӯза ба  рушди минбаъдаи  сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиши илмиву амалӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

АКС: аз МТС

Декабрь 24, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS иштирок намуд