Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия дар Тошканд мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар шаҳри Тошканд мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷи Ди Майо баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҳарду ҷониб ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳоро дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия баррасӣ намуданд.
Инчунин миёни ҷонибҳо роҷеъ ба дигар масъалаҳои мубрами минтақа, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 декабр дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси дуюми вазирони «Италия – Осиёи Марказӣ» дар қолаби С5+1 иштирок намуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






