Қазоқистон раёсатро дар ИДМ қабул намуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 январи соли 2022 Қазоқистон раёсат дар Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз Беларус қабул намуд, иттилоъ медиҳад АИБ «Казинформ».
Тавре қаблан хабар дода будем, моҳи ноябри соли 2021 дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви ИДМ оид ба амният ва ҳифзи ҳуқуқ дар объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ қабул гардид. Маҷмӯи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба татбиқи барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ то давраи соли 2030 тасдиқ гардид. Нақшаи чорабинӣ вобаста ба баргузор намудани Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ дар соли 2022, Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан дар «фазои 1520» то соли 2030 муайян карда шуд.
Моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Нур-Султон нишасти навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир мегардад.
Нишасти 60-уми Шӯрои энергетикии ИДМ низ соли 2022 дар Қазоқистон доир карда мешавад.
28 декабри соли 2021 зимни вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург сарони кишварҳои ИДМ натиҷаи ҳамкорӣ дар соли 2021-ро ҷамъбаст намуда, нақшаҳои умумии таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро барои ояндаи наздик баррасӣ намуданд, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: аз бойгонӣ








Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






