Бахшида ба Соли нав ба ниёзмандони ноҳияи Шуғнон кумак расониданд
ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба якчанд оилаҳои ниёзманд кумаки яквақтаинаи иборат аз маводи ғизоӣ расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба МИҲД-и ноҳия.
Зикр карда шуд, ки ин амал дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кумак ба табақаҳои осебпазири ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамзамон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои кӯдакону наврасон барномаи идона доир гардид.
Дар барнома кӯдакону наврасон шеъру сурудхонӣ намуда, бозиҳои гуногун намоиш доданд.
Сипас ба онҳо туҳфаҳои солинавии роҳбарияти ноҳия тақдим гардиданд.
АКС: МИҲД-и н. Шуғнон








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






