Дар Дубай тавсеаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва АМА баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо Мудири иҷроияи Департаменти сайёҳӣ ва тиҷорати бозаргонии Дубай Иссам Казим мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, тақвияти тамоси пайвастаи мақомоти соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва АМА, инчунин роҳандозии мушорикат миёни ширкатҳои сайёҳии тоҷикистонӣ ва аморотӣ, гузаштани курси такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддати мутахассисони соҳаи сайёҳии кишвар дар АМА ва нахустин иштироки Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи “Arabian Travel Market”, ки қарор аст моҳи майи соли 2022 дар Дубай доир гардад, таъкид намуданд.
Ба Иссам Казим маълумоти муфассал оид ба низоми бераводидӣ, имтиёзу дастгириҳо барои сармоягузорони хориҷӣ, тадбирҳо, нақшаву барномаҳои соҳавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ амалӣ шуда истодаанд, ироа гардид.
Дар фарҷоми мулоқот омодагӣ баҳри тавсеаи ҳамкорӣ бо мақсади ҷалби бештари мутақобилаи сайёҳон баён карда шуд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчунин бо роҳбари Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Муҳаммад Комил Алмуайнӣ мулоқот намуд.
Мавсуф таассуроти хешро аз кишвари мо, аз ҷумла аз таҷлили бошукӯҳи Иди Наврӯз, ки соли сипаришуда иштирок намуда буд, баён кард.
Дар мулоқот ҳамчунин имконияти тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштироки доираҳои сайёҳию фарҳангии ҳарду кишвар дар чорабиниҳои ҳамдигар иброз гардид.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ









РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






