РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳӣ дар мамлакат барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, тиҷоратӣ, таълимию омӯзишӣ, зиёратӣ, таърихию фарҳангӣ, гурӯҳӣ, гастрономӣ, намоишӣ, илмию маърифатӣ, шикор ва моҳигирӣ, транзитӣ, фароғатию табобатӣ, оилавӣ, астрономӣ, корӣ, саргузаштдор, деҳотӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии мамлакат маҳсуб меёбанд.
– Тавре маълум аст Тоҷикистон бо кӯҳҳои сар ба фалак ҳамчун сарзамини дорои боду ҳавои тоза, обҳои шифобахш, куллу дарёҳо, чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор писанди сайёҳон гардидааст.
Сайёҳии кӯҳнавардӣ
Тибқи арзёбиҳои «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», яке аз самтҳои асосӣ–ин сайёҳии кӯҳнавардӣ ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияҳои Лахш, Ванҷ ва Мурғоб қуллаҳои машҳури Исмоили Сомонӣ, Корженевский, Озодӣ, Истиқлол ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир мебошанд. Инчунин пиряхҳои бузург барои кӯҳнавардон ва муҳаққиқон аҳамияти калон доранд.
Сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ
Ин намуди сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Панҷакент, Айнӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисор бештар рушд ёфтааст. Маконҳои маъруфи сайёҳӣ, аз қабили Сафеддара, Артуч, Ҳафткӯл, кӯҳҳои Фон, дараҳои Ҳакимӣ, Темурдара, Ромит ва Алмосӣ ҳамасола ҳазорҳо дӯстдорони табиат ва варзишро ҷалб менамоянд. Қайиқронӣ, велосипедронӣ, марафонҳои кӯҳӣ ва дигар намудҳои варзишӣ байни сайёҳон маъруфият доранд.
Сайёҳии экологӣ
Бояд гуфт, ки тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои рушди сайёҳии экологӣ мусоид мебошад. Боғҳои миллӣ, мамнуъгоҳҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ барои дӯстдорони муҳити зист имконияти хуби истироҳат ва омӯзиши табиатро фароҳам меоранд.
Сайёҳии тиҷоратӣ
Дар Тоҷикистон шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Турсунзода ва Хоруғ барои рушди сайёҳии тиҷоратӣ имкониятҳои васеъ доранд. Баргузории форумҳо, намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои соҳибкорӣ ба ҷалби меҳмонони хориҷӣ мусоидат менамояд.
Сайёҳии зиёратӣ
Тоҷикистон дорои садҳо зиёратгоҳҳои таърихӣ мебошад. Дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавзеъҳои зиёратии маъруф ҷойгир шудаанд. Аз ҷумла, оромгоҳҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Султон Увайси Қаранӣ, Шоҳи Хомӯш, Шайх Муслиҳиддин, Камоли Хуҷандӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Муҳаммад Башоро, Нақибхон Туғрал ва дигар шахсиятҳои маъруфи таърихию динӣ ҳамасола зиёраткунандагони зиёдро қабул мекунанд.
Сайёҳии таърихию фарҳангӣ
Қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Чилучорчашма, Қалъаи Хуҷанд, Қалъаи Муғ, Саразм, Панҷакенти Қадим, деҳаи қадимаи Яғноб, Қасри Арбоб, шаҳраки Карон, қалъаҳои Ямчун ва Қаҳқаҳа аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихии мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Шикор ва моҳигирӣ
Дар як қатор ноҳияҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шикор тибқи қонунгузории амалкунанда иҷозат дода шудааст. Ҳамчунин дар ноҳияҳои Рӯшон, Мурғоб, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Гулистон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯлоб, Данғара, Норак, Балҷувон ва Ваҳдат хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва моҳидорӣ фаъолият мекунанд. Дар ин маконҳо барои сайёҳон тамоми имконият фароҳам оварда шудааст.
Сайёҳии фароғатию табобатӣ
Дар Тоҷикистон даҳҳо осоишгоҳ ва чашмаҳои шифобахш мавҷуданд. Осоишгоҳҳои «Зумрад», «Баҳористон», «Биҳиштосо», «Шоиста», инчунин чашмаҳои маъруфи Гармчашма, Бибӣ Фотима, Ҷелондеҳ, Хоҷа Обигарм, Шоҳамбарӣ ва дигар манбаъҳои табобатӣ барои барқарорсозии саломатӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Сайёҳии астрономӣ
Бо рушди илми кайҳоншиносӣ дар Тоҷикистон сайёҳии астрономӣ низ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» дар ноҳияи Данғара, Расадхонаи «30-солагии Истиқлолият» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Расадхонаи астрономии Ҳисор аз ҷумлаи марказҳое мебошанд, ки барои омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ ва ҷалби дӯстдорони астрономия хизмат мекунанд.
Сайёҳии таълимию омӯзишӣ
Ин навъи сайёҳӣ барои донишҷӯён, омӯзгорон, олимон ва муҳаққиқон пешбинӣ шудааст. Ёдгориҳои таърихӣ, муассисаҳои илмӣ, осорхонаҳо ва марказҳои фарҳангии Тоҷикистон барои омӯзиши таърих, фарҳанг, бостоншиносӣ ва табиат имкониятҳои васеъ пешниҳод менамоянд.
Сайёҳии гурӯҳӣ
Ин навъи сайёҳӣ асосан тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардида, сафарҳои дастаҷамъонаи дохилӣ ва байналмилалиро дар бар мегирад. Он барои коҳиш додани хароҷот ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Сайёҳии гастрономӣ
Таомҳои миллӣ яке аз муҳимтарин ҷузъҳои фарҳанги ҳар миллат мебошанд. Тоҷикистон бо оши палов, қурутоб, шакароб, манту, самбӯса ва дигар хӯрокҳои миллӣ барои рушди сайёҳии гастрономӣ имкониятҳои фаровон дорад.
Сайёҳии намоишӣ
Иштирок дар фестивалҳо, намоишгоҳҳо, ярмаркаҳои ҳунармандӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ин навъи сайёҳӣ мебошад. Ҷашнҳои байналмилалӣ ва фестивалҳои миллӣ ҳамасола меҳмонони зиёдро ҷалб мекунанд.
Сайёҳии илмию маърифатӣ
Ин намуди сайёҳӣ омӯзиши захираҳои табиӣ, пиряхҳо, ёдгориҳои бостонӣ ва мероси фарҳангии ҷумҳуриро дар бар гирифта, барои олимон ва муҳаққиқон аҳамияти махсус дорад.
Сайёҳии транзитӣ
Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар маркази Осиё имконият медиҳад, ки мусофирони транзитӣ ҳангоми сафар аз имкониятҳои сайёҳии мамлакат истифода намоянд ва аз мавзеъҳои ҷолиб дидан кунанд.
Сайёҳии оилавӣ
Сайёҳии оилавӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, ба ташкили истироҳати муштараки аъзои оила дар муҳити мусоид ва бехатар равона гардидааст. Ин навъи сайёҳӣ барои таҳкими муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги истироҳат ва шиносоии фарзандон бо табиат, таърих ва фарҳанги миллӣ аҳамияти калон дорад.
Сайёҳии корӣ
Сайёҳии корӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи сайёҳии муосир ба ҳисоб рафта, сафарҳои вобаста ба фаъолияти касбӣ, хизматӣ ва соҳибкориро дар бар мегирад. Ба ин гурӯҳ иштирок дар форумҳои байналмилалӣ, конфронсҳо, намоишгоҳҳо, вохӯриҳои соҳибкорӣ, ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои иқтисодию сармоягузорӣ дохил мешаванд.
Дар солҳои охир Тоҷикистон ба маркази баргузории ҳамоишҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфта истодааст. Аҳамияти сайёҳии корӣ дар он зоҳир мегардад, ки он на танҳо ба рушди соҳаи хизматрасонӣ ва меҳмондорӣ мусоидат мекунад, балки барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ низ нақши муҳим мебозад.
Сайёҳии саргузаштдор
Сайёҳии саргузаштдор яке аз самтҳои сермаҳсул ва ҷолиби соҳаи сайёҳӣ буда, барои дӯстдорон ин навъи сайёҳӣ кашфиёт ва истироҳати фаъол пешбинӣ шудааст. Ба намудҳои маъмули сайёҳии саргузаштдор кӯҳнавардӣ, сайругашти кӯҳӣ, велосипедронии кӯҳӣ, сафар бо нақлиёти махсус дар роҳҳои душворгузар, хаймазанӣ, рафтинг дар дарёҳои кӯҳӣ ва сафарҳои экспедитсионӣ дохил мешаванд.
Сайёҳии деҳотӣ
Сайёҳии деҳотӣ аз ҷумлаи самтҳои нисбатан нави соҳаи сайёҳӣ буда, ба шиносоии меҳмонон бо тарзи зиндагии аҳолии деҳот, фарҳанги мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва анъанаҳои миллӣ равона шудааст. Ин навъи сайёҳӣ дар баробари фароҳам овардани имконияти истироҳат ба рушди иқтисоди деҳот низ мусоидат менамояд.
Минтақаҳои Яғноб, Бадахшон, Зарафшон, Рашт ва дигар ноҳияҳои кӯҳии мамлакат барои рушди сайёҳии деҳотӣ имкониятҳои васеъ доранд. Рушди ин самт ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани даромади аҳолӣ ва ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунад.
Сайёҳии иҷтимоӣ
Сайёҳии иҷтимоӣ ба таъмини дастрасии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба хизматрасониҳои сайёҳӣ равона шудааст. Ин навъи сайёҳӣ барои ҷавонон, донишҷӯён, пиронсолон, оилаҳои серфарзанд ва шахсони дорои имконияти маҳдуд имконият фароҳам меорад, ки бо хароҷоти камтар аз мавзеъҳои сайёҳӣ дидан намоянд.
Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон сайёҳии иҷтимоӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ истифода мешавад. Дар Тоҷикистон низ тадриҷан барои рушди ин самт тадбирҳо амалӣ гардида, сафарҳои омӯзишӣ, экскурсияҳои таърихию фарҳангӣ ва барномаҳои истироҳатӣ барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ ташкил карда мешаванд.
Сайёҳии кишоварзӣ
Сайёҳии кишоварзӣ яке аз самтҳои ояндадори соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба шиносоии меҳмонон бо фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ва ҳаёти деҳқонон равона шудааст. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати аграрӣ барои рушди ин навъи сайёҳӣ имкониятҳои фаровон дорад.
Дар доираи сайёҳии кишоварзӣ меҳмонон метавонанд аз боғҳо, токзорҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермаҳои чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ дидан намоянд. Онҳо инчунин метавонанд дар ҷамъоварии ҳосили мева, ангур, пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуда, бо усулҳои анъанавии истеҳсолот шинос шаванд.
Ин навъи сайёҳӣ махсусан дар шаҳру ноҳияҳои боғдорӣ ва мевапарварии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Панҷакент, Исфара ва Конибодом имкониятҳои васеъ дорад. Рушди сайёҳии кишоварзӣ ба муаррифии маҳсулоти ватанӣ, афзоиши даромади деҳқонон ва рушди иқтисоди деҳот мусоидат менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ эълон намудааст. Мавҷудияти захираҳои нодири табиӣ, ёдгориҳои бостонӣ, осоишгоҳҳои шифобахш ва фарҳанги ғании миллӣ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то апрели соли равон ба Тоҷикистон 439,4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 70,7 ҳазор нафар ё 19,2 фоиз зиёд мебошад. Аз шумораи умуми шаҳрвандони хориҷӣ 371,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ) ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20,9 фоиз зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амал мекунад, ки ба афзоиши шумораи сайёҳон ва рушди соҳа мусоидат менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти он озмун эълон менамояд
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад






