САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?

Июнь 29, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доро будани захираҳои бойи табиӣ, бахусус минтақаҳои кӯҳӣ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ имконияти васеъ дорад. Солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ҳавои тоза, қуллаҳои баланд ва имконияти таҷрибаи саёҳати экстремалӣ дар муҳити амну осуда аз ҷумлаи омилҳои асосии ҷалби сайёҳон ба ин самт арзёбӣ мешаванд. Барои рушди  ин навъи сайёҳӣ  дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?

           —Минтақаҳои машҳури сайёҳии кӯҳнавардии мамлакат, аз ҷумла кӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Фон, ҳамасола дар фасли баҳор ба яке аз самтҳои асосии саёҳати кӯҳнавардон табдил меёбанд.

Бо вуҷуди ин, барои рушди пурраи соҳа ҳанӯз баъзе мушкилот вуҷуд доранд. Аз ҷумла, норасоии роҳбаладони соҳибтаҷриба ва донандаи забонҳои хориҷӣ, баъзе камбудиҳо дар сатҳи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои хӯрокворӣ, маҳдуд будани хатсайрҳои ҳавоӣ бо давлатҳои ҷаҳон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки метавонанд ба рушди босуръати соҳа таъсир расонанд.

Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки дар ҷойҳои асосии буду боши сайёҳон дар вақти гузаштани хатсайри сайёҳӣ бояд пойгоҳҳои муваққатӣ бо истифода аз хаймаҳо ташкил карда шаванд. Зеро ҳангоме ки сайёҳон аз дигар давлат бо мақсади кӯҳнавардӣ ба мамлакати мо сафар мекунанд, барои бо худ овардани бори зиёд ба чандин монеаҳо дучор мешаванд.

Пойгоҳҳои муваққатӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ бояд дорои ҷойи хоб, ташноб, дастшӯ, алоқаи радио, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва таҷҳизоти иловагӣ, ба монанди хаймаҳо, бистарҳои хоб ва дигар таҷҳизоти зарурии кӯҳнавардию кӯҳгардӣ бошанд, то сайёҳон бе монеа тавонанд онҳоро ба иҷора гирифта, мавриди истифода қарор диҳанд.

Тоҷикистон бо  табиати афсонавӣ, кӯҳҳои осмонбӯсу барфпӯш, ҳавои тоза, чашмаҳои шифобахш,  обҳои зулол, меваҳои шаҳдбор, мардумони самимию меҳмоннавоз ва этнографияи беамсол имрӯз аз ҷумлаи минтақаҳои ояндадори сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Қуллаҳои баланди сарбаафлок, дараҳои зебоманзар ва олами ғании набототу ҳайвонот таваҷҷуҳи сайёҳон ва дӯстдорони кӯҳнавардиро аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб менамоянд. Танҳо зарур аст, ки аз ин имконот самаранок истифода бурда, дар рушди ин бахши сайёҳӣ саҳм гузорем.

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ,  тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд. Тоҷикистон диёри кӯҳҳои баланд ва қуллаҳои осмонбӯс аст,  кӯҳҳои Помирро беасос «Боми ҷаҳон» ном намебаранд. Пайдоиши кӯҳҳои Тоҷикистон –Помир, Олой, Фон, Ҳисор ва Зарафшон таърихи куҳан дошта, ба қатори кӯҳҳои ҷавон дохил мешаванд.

Қисми зиёди кӯҳҳои Тоҷикистон сангӣ буда, дар онҳо боигариҳои табиӣ, назири тилло, нуқра, ангишт, обҳои шифобахш ва ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо мавҷуд мебошанд.

Коршиносони соҳа иброз медоранд, ки Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии кӯҳнавардӣ имконияти фаровони рушд дорад. Кӯҳҳои баланд, водиҳои зебо, кӯлҳои нилгун ва чашмаҳои маъданӣ метавонанд ба макони ҷолиби сайёҳии байналмилалӣ табдил ёбанд.

Бартарияти дигари кӯҳҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо хеле зебою дилкаш ва назаррабо ҳастанд. Ин аст, ки зебоии  нотакрори табиати биҳиштосои кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон, хусусан кӯҳҳои сарбафалаки Помир  таваҷҷуҳи  ҳазорон сайёҳи дохилию хориҷиро ҷалб намудаанд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии  7495 метр баландтарин нуқтаи кӯҳҳои Тоҷикистон ва яке аз баландтарин қулла дар ҷаҳон мебошад. Дарозии кӯҳҳои Помир  800 км  ва  5000-7000 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, асосан аз  кӯҳҳои берастанӣ ва сангҳо иборатанд. Дар бисёр қуллаҳои ин кӯҳҳо пиряху барфҳои чандинсола ҷойгир буда, сарчашмаи дарёи Омуро  ташкил медиҳанд.

Соли 2019 кӯҳҳои Помири  Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Ин қулла яке аз баландтарин қуллаҳои минтақа буда, ҳамасола таваҷҷуҳи кӯҳнавардони касбӣ ва дӯстдорони саёҳати кӯҳиро ҷалб мекунад. Барои фатҳи маҳз ҳамин қулла бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ доир мешавад, ки дар он кӯҳнавардон аз Русия, Қазоқистон, Лаҳистон, Испания, Англия, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Олмон, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Фаронса, Дания ва дигар давлатҳои дуру наздик фаъолона иштирок менамоянд.

            Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 29, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад