Дар СҶТ доир ба марҳилаи хатарноки пандемияи COVID-19 изҳори назар карданд

Январь 25, 2022 12:56

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи COVID-19 дар марҳилаи хатарнок қарор дорад, аммо ҷаҳон барои ба анҷом расонидани ин марҳилаи шадид воситаҳои муайянро соҳиб аст, изҳор дошт директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус (ДАР АКС) дирӯз, 24 январ дар брифинг, хабар медиҳад РИА Новости.

«Пандемияи COVID-19 инак соли сеюм аст, ки идома меёбад ва мо дар марҳилаи муҳим қарор дорем. Мо бояд якҷоя кор кунем, то марҳилаи шадиди ин пандемияро ба анҷом расонем. Мо наметавонем имкон диҳем, ки он идома пайдо кунад, то ба воҳима афтем ё беэътиноӣ кунем. Мо ҳама гуна воситаҳоро дорем, то марҳилаи шадиди ин пандемияро ба анҷом расонем. Вале мо бояд ин воситаҳоро одилона ва боақлона мавриди истифода қарор диҳем»,-гуфт вай.

Директори генералии СҶТ ёдовар гардид, ки дар доираи барномаи таъминоти одилонаи ваксинаи COVAX аллакай  1 млрд вояи ваксина дастрас шудааст, аммо марҳилаи эмгузаронӣ дар ҳамаи кишварҳо на он қадар хуб аст. Ба гуфтаи ӯ, 34 кишвар ҳанӯз натавонистаанд ба 10 фоизи аҳолии худ ваксина гузаронанд, миёни 86 кишвари дигар на кам аз 40 фисади аҳолӣ эм карда шудаанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ моҳи марти соли 2020 пандемияи нави коронавируси COVID-19-ро дар ҷаҳон эълон намуд. Аввалин бор хуруҷи коронавирус моҳи декабри соли 2019 дар Ухани Чин сабт шуда буд.

АКС: Denis Balibouse / Reuters

Январь 25, 2022 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод