ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ. Дар панҷ соли оянда 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон соҳибкасб мегарданд

Январь 25, 2022 09:22

ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ Ховар/. Шурӯъ аз соли 2013 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ  25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил карда мешавад. Дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ айни замон 7 748 нафар фаъолият мекунанд, ки аз ин 705 нафар хизматчиёни давлатӣ мебошанд.

Ба гуфтаи муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ соли сипаригардида рушди нишондиҳандаҳои асосии сатҳи зиндагии аҳолӣ идома ёфта, ба ҳолати 1 декабри соли 2021 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1525,4 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148,3 сомонӣ (10,8 фоиз) ва нисбат ба аввали соли сипаригардида 131,7 сомонӣ (9,4 фоиз) зиёд аст.

Номбурда зикр намуд, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки дар тобеияти  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад,  ба таъмин гардидани  аҳолӣ бо ҷойи кор  мусоидат менамояд.

«Агентӣ ҳамчунин  ба  бекорон кумакпулӣ  пардохт  намуда, барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба роҳ мондааст.  Бо  ин мақсад  аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мамлакат ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида  мешаванд,  ки тавассути онҳо шаҳрвандон  соҳиби ҷои кор  гардида,  нафарони бетахассус ба касбомӯзӣ роҳхат мегиранд»,-зикр намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри амалигардонии он тадбирҳо андешида мешаванд.

Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд. Аз ҷумла, маҳз бо заҳмату талоши кормандони соҳаи мазкур лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва ғайраҳо таҳия шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Сарвари дават зимни ироаи Паёми  навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳоро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра шуморида, бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин шурӯъ аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад. Аз 1 июли соли 2022  инчунин андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Ҳамин гуна ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1 июли соли 2022   50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Ба гуфтаи Нурулло Маҳмадуллозода, аз ҷониби мутахассисони вазорат санадҳои меъёрӣ ҷиҳати танзими музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи бехатарии озуқаворӣ, нақлиёт, беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҳифзи муҳити зист таҳия ва ба тасвиб расиданд. «Масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо таҳти назорати доимии вазорат қарор дошта, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани он дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ гардиданд»,-изҳор дошт ӯ.

Ҳоло музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ — 1434,8 сомонӣ, вилояти Суғд — 1396,9 сомонӣ, вилояти Хатлон – 1146,3 сомонӣ, шаҳри Душанбе -2254,5 сомонӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 1259,5 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ВМКБ — 94,0 фоиз, вилояти Суғд — 91,5 фоиз, вилояти Хатлон — 75,1 фоиз, шаҳри Душанбе — 147,7 фоиз ва дар НТҶ — 82,5 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд. “Вобаста ба ин бори дигар таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намояд. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд»,-изҳор доштанд Пешвои миллат.

Дар мавриди  амалисозии супоришҳои Сарвари давлат Нурулло Маҳмадуллозода гуфт, ки айни замон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» омода гардида, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2022 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
Дар Давҳа масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнат баррасӣ шуд
Дар Душанбе форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд