«РУШДИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши кормандони соҳа доир гардид

Январь 6, 2022 08:19

ДУШАНБЕ, 06.01.2022/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 5 январ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ вобаста ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва  шаҳру ноҳияҳо, директорони мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён дар мавзӯи “Рушди маориф дар меҳвари Паёми Президент”  сухан ронда, зикр намуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми худ зимни таҳлили бахши иҷтимоӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, чунин таъкид карданд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Маврид ба таъкид аст, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолияти мамлакат аҳли маориф ва илми кишвар дар баробари тамоми сокинони мамлакат дар устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва сиёсати иҷтимоии кишвар дар атрофи назару афкори созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар рушду нумӯъ ва тарғибу ташвиқи низоми кунунии сиёсии мамлакат саҳми назаррасе гузоштаанд.

Сарвари давлат зимни ироаи паём раванд ва рушди босуботи соҳаи маорифро дар тӯли тантанаҳои истиқлоли кишвар мусбат арзёбӣ карда, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият ва таҳкими низоми маориф чунин ибрози андеша карданд: “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.

Тавре, ки огаҳӣ дорем, вобаста ба ин нуқтаҳои созандаи Президенти мамлакат якчанд стратегия ва барномаҳои давлатӣ, аз қабили Стратегияи рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  давраи то соли 2030 ба тасвиб расид, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар соҳаи маориф мусоидат менамояд. Моҳияти ин таъкиди Роҳабари давлат он аст, ки дар ояндаи наздик мо-омӯзгорон дар омода кардани хонандагони забондон ҷаҳду талоши бештаре намоем. Зеро донистани забонҳои хориҷӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллии мо дар арсаи байналмилалӣ, барои тарғибу ташвиқи бештари илму фарҳанг ва дастовардҳои мардуми тоҷик дар ҳамаи самтҳо, ҳамзамон, огаҳии комил доштан аз ҳамагуна навовариҳои олам мусоидат менамояд.

Дар идома Обидҷон Маҳмудзода-сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия ва Киромиддин Назаров-директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия   вобаста ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва рақамикунонии соҳаи маориф андешаҳои худро иброз намуданд.

Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,
корманди маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми ҶТ

Январь 6, 2022 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид