Дар Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявиро ҳавасманд намуданд
ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Ҳаёт Саймақсудӣ, ки дар Озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинаи «География» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якумро сазовор гардид, «Ифтихорнома» ва мукофоти пулӣ тақдим намуд. Дар ин бора дар бахши матбуоти мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳавасманд намудани насли наврас ба омӯзиш ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», инчунин омӯзгорони онҳо ва дигар иштирокчиёни фаъоли ин озмунҳоро бо «Ифтихорнома» ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ намуд»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавемб ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шуда, ҳамасола баргузор карда мешавад.
Соли 2021 ба ғолибони ҷойҳои якум 35 000, ҷойҳои дуюм 25 000 ва ҷойҳои сеюм 15 000 тақдим карда шуд.
Иштирокчиёни ҷойҳои 4,5,6-и даври ҷумҳуриявӣ, яъне чоруми озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб









Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






