Ба донишҷӯёни муассисаҳои олии Душанбе ва Хуҷанд тарроҳии маҳсулоти нассоҷиро омӯзониданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд давраҳои омӯзишии ЮНИДО-ро оид ба тарроҳии маҳсулоти нассоҷӣ бо истифода аз барномаи нави «Inkscape» хатм карданд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барномаи омӯзишӣ имкон медиҳад, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин тарроҳони касбӣ тайёр карда шаванд, ки имрӯз қариб тамоми корхонаҳои бофандагии мамлакат ба онҳо ниёз доранд.
Омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон, Донишкадаи дизайн ва санъати шаҳри Душанбе, Донишкадаи технология ва инноватсияи Кӯлоб, филиали Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд иштирокчиёни давраҳои омӯзишии махсус гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон гурӯҳи алоҳида ташкил гардид, ки ба ҳайати он гурезаҳои афғоне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, шомил шуданд. Дар ҷамъбасти давраи омӯзишӣ иштирокчиён маҷмӯи либосҳои худро таҳия намуда, зимни маросим рӯнамоӣ намуданд.
Усули таълими сесатҳӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ дониши худро дар соҳаи дизайни графикӣ, таҳияи консепсияи он мукаммал намуда, бо истифода аз барномаи навтарин нақшу нигор ва ороишот тасвир кунанд.
Лоиҳаи ЮНИДО «Замонависозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахши қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва нассоҷӣ дар Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Русия амалӣ мегардад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






