Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мегарданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни баррасии санади мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, инчунин ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ вобаста ба бартараф намудани норасоию мухолифат ва такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур аз иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо мушаххас гардонидани санксияҳои ҷазои маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ иборат мебошад.
Лоиҳа аз лиҳози ҳуқуқӣ такмил дода шуда, ду моддаи нав, яъне моддаҳои 5275 ва 5301 оид ба иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро иловатан ба Кодекси амалкунанда ворид гардида, матни он аз лиҳози ҳуқуқӣ, имлоӣ, меъёрӣ мухтасар, дақиқ ва оммафаҳм ифода гардидааст. Ҳамчунин аз матни моддаи 530-и Кодекси амалкунанда калимаҳои «инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд,» хориҷ карда мешаванд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд






