Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор хонаводаи ноҳияҳои Рашт, Деваштич ва Шаҳристон бо оби тозаи нушокӣ таъмин шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ«Ховар»/. Ҷиҳати бартараф намудани мушкилии аввалиндараҷа ва муҳими сатҳи деҳот оид ба норасоии оби нӯшокӣ ва полезӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» соли 2021 сохтмони 5 зерлоиҳаи хати оби нӯшокӣ ва 10 зерлоиҳаи хати оби полезӣ пурра ба анҷом расида, барои истифода супорида шуданд. Дар ин бора дирӯз, 11 феврал Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.
Абдулаҳад Хоҷазода афзуд, ки дар натиҷаи сохтмони хатҳои оби полезӣ обёрии 892 га замини кишоварзӣ беҳтар гардида, барои кишоварзон ҷиҳати кишти ҳосили дуюм ва сеюм шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Инчунин дар натиҷаи татбиқи 5 зерлоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ 2039 хонаводаи ноҳияҳои Рашт, Деваштич ва Шаҳристон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.
Ҳамчунин дар нишаст зикр карда шуд, ки дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Деваштич 19 трактор ва 8 комбайни ғалладаравӣ, Шаҳристон — 2 трактор, Дӯстӣ — 29 трактор ва 2 экскватор, Ҷайҳун — 43 трактор ва 2 экскватор, Рашт — 11 трактор ва 7 борбардори фронталӣ, Тоҷикобод — 2 трактор ва 1 комбайни ғалладаравӣ дастрас гардид.
Давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2021 бо истифода аз экскваторҳои дастрасгардида зиёда аз 62 км заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳун тоза карда шуданд. Дар натиҷа ҳолати мелиоративии 1532 га замини корам беҳтар гардид, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ«Ховар»








Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад






