Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд

Февраль 22, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр (маҷозӣ), муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев (маҷозӣ), Раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Гюзгелди Байджанов ва дигар намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ФБНА, аъзои Кумитаи иҷроияи ФБНА, намояндагони сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ва намояндагони воҳидҳои сохтории ФБНА иштирок намуданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи иҷроияи ФБНА Дилором Шералиева.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи навбатии Раёсати Фонд аз маълумотонидани аъзои Раёсати ФБНА вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ФБНА дар давраи раисии Тоҷикистон ва баррасии рафти татбиқи Барномаи амал оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал (БҲБА-4), натиҷаҳои бадастовардаи Гурӯҳи корӣ оид ба такмили сохтор ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ФБНА, ҳамчунин оид ба рафти омодагии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба 9-умин Форуми ҷаҳонии об, иштироки ФБНА дар кори Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидани амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ», ки баргузории он 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст ва дигар масъалаҳои муҳим иборат буд.

Ҳамчунин масоили баррасигардида ва қарорҳои қабулгардида натиҷаи муҳими Раёсати ФБНА барои кишварҳои аъзои Фонд хоҳанд гашт.

Инчунин зикр шуд, ки бо Қарори Раёсати ФБНА 29 июни соли 2021 бо мақсади ба роҳ андохтани барномаҳо ва амалҳои муштарак ҷиҳати бартараф намудани буҳрони Арал ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ тавассути амалҳои мақсаднок дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои беҳтар намудани идоракунии об, вазъи экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, рушди устувор ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми ҳавзаи баҳри Арал тасдиқ гардид.


Ҳуҷҷати мазкур барои ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, воҳидҳои сохтории ФБНА ва шарикони рушд барои муттаҳид намудани талошҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ва ноил шудан ба рушди устувор дар минтақа, инчунин коҳиш додани оқибатҳои манфии марбут ба хушкшавии баҳри Арал мусоидат хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосии таъсиси фондро рафъи буҳрони экологӣ ва беҳтар намудани вазъияти иҷтисодӣ-иҷтимоии ҳавзаи баҳри Арал, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз бузургтарин офатҳои табиии асти XX эътироф гардидааст, ташкил менамояд.

Раёсати ФБНА бо пешниҳоди сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва бо қарори Президенти Фонд ташкил мегардад. Аъзои Раёсати ФБНА аз якнафарӣ намояндагони давлатҳои аъзои Фонд дар сатҳи муовини Сарвазир иборат мебошад.

Хотиррасон бояд шуд, ки 29 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардиданд. Раёсати фонди мазкурро солҳои 2020-2022 ҷониби Тоҷикистон ба уҳда хоҳад дошт.

 

АКС: Кумитаи иҷроияи ФБНА

Февраль 22, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид