Дар Душанбе истифодаи имконияти технологияи электронӣ дар рушди соҳибкорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо зиёд шудани шумораи ширкатҳои хусусии дар реҷаи мустақим ва бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ хизматрасонанда, хусусан дар шароити пандемия ва баъди он тиҷорати электронӣ мавқеи муҳиму устувор касб намуд. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки дар мавзӯи «Истифодаи имкониятҳои технологияи электронӣ дар рушди соҳибкорӣ», ки дар Душанбе бо ҳузури сармоягузорону соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассотсиатсияҳо, созмонҳои соҳибкорӣ ва мақомоти расмии ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ иттилоъ доданд.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Парлумони мамлакат масъалаи тақвияти рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва рушди заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа, ҳамчунин таъмини гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳоро таъкид намуданд.
Дар ҷумҳурӣ доир ба рушди тиҷорати электронӣ ва дигар самтҳои марбут ба амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо мақомот, бахши хусусӣ ва шарикони рушд андешидани тадбирҳои зарурӣ вобаста ба масъалаҳои ба таври кофӣ танзим намудани меъёрҳо ва талаботи марбут ба фаъолият дар соҳаи тиҷорати электронӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки тибқи қарори ҷаласаи 21-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ вобаста ба имконияти рушди тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ таҳлилҳо гузаронида шуда, натиҷаи онҳо якҷо бо дигар мулоҳиза, тавсияву пешниҳодот ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод мегардад. Аз иштирокчиёну коршиносон хоҳиш карда шуд, ки тавсияву пешнҳодоти худро вобаста ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ манзур намоянд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», масъалаҳои миёнаравии иттилоотӣ дар ташкили тиҷорати электронӣ, зиёд намудани вазни қиёсии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ миёни харидорону фурӯшандагон дар бозори истеъмолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, саҳми сомонаҳо дар рушди тиҷорати электронӣ, хариду фурӯши доруворӣ тавассути электронӣ, бозори электронии масолеҳи сохтмонӣ ва ашёи рӯзгор, ислоҳоти андозбандӣ ва имтиёзҳо дар самти рушди тиҷорати электронӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон тавассути низоми андозбандӣ бо мақсади ҳавасмандисозии бахши хусусӣ ва саҳми онҳо дар таъмини рушди тиҷорати электронӣ табодули назар намуданд.
АКСҲО: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






