Дар Душанбе мулоқоти Гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии Конфронси оби СММ-2023 баргузор гардид

Февраль 1, 2022 17:24

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор меградад, ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

31 январ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҳайати Гурӯҳи кориро, ки ба он Намояндаи вежаи Подшоҳии Нидерланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалии об Ҳенк Овинк, Сафири Подшоҳии Нидерланд дар Тоҷикистон Андре Карстенс (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) ва намояндагони зерниҳодҳои соҳавии СММ шомил буданд, ба ҳузур пазируфт.

Ш. Шерализода аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар татбиқи Рӯзномаи 2030, ба вежа Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба об таъкид намуда, изҳор дошт, ки пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Конфронси байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” идомаи фаъоли Тоҷикистон дар пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки аз 6 то 9 июни 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, ҳамчун занҷираи марказӣ ба кори муштараки Тоҷикистон ва Нидерланд дар мавриди рӯзномаи ҷаҳонии об ҷиҳати баргузории Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 хоҳад буд.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи нишастҳои муштараки баъдӣ ва муаррифии ҳадафҳои Конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023 дар чаҳорчӯби чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Аз 31 январ то 2 феврал дар Душанбе ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии Конфронси оби СММ-2023 дар шакли ҳузурию маҷозӣ баргузор гардида, аз натиҷа нишасти матбуотӣ ҷиҳати муаррифии Конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023 доир мегардад.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Февраль 1, 2022 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи иқтисод баррасӣ гардиданд
Дар Анқара рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Ҷаласаи раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Австрия мулоқот намуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф иштирок намуд