Дар мавзеъҳои кӯҳии Панҷакент зимни корҳои биотехникӣ беш аз ду тонна ғалладона ва хошок гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ҷангалзор зимни гузаронидани корҳои биотехникӣ барои ҳайвоноти ваҳшӣ беш аз ду тонна ғизо гузошта шуд, ки аз 450 кг гандум, 400 кг ҷав, 550 кг сабус, 250 кг орди навъи сеюм, 200 кг намак, 45 бастаи алаф, 30 бастаи алафи беда, 350 нарма ва 50 кг намаксанг иборат мебошад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ин иқдом бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз сардиҳои фасли зимистон андешида шудааст.
Дар мавзеъҳои ҷангалзор ва кӯҳии Панҷакент намудҳои гуногуни ҳайвоноти ёбоӣ, ба монанди хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.
АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ










Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






