Дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 828,4 миллион доллари амрикоӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд

Февраль 17, 2022 14:38

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ  яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030  муайян шудааст. Бо ин мақсад  таҳти таваҷҷуҳи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи нақлиёт 11  лоиҳаи  сармоягузорӣ ба маблағи  828,4 миллион доллари амрикоӣ  татбиқ шуда истодаанд.

Тавре Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи нақлиёти кишвар дар соли гузашта имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар доираи татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузории «Таҷдиди роҳи автомобилгарди   «Кӯлоб –Қалъаи Хумб»,  қитъаҳои Шкев –шаҳраки Қалъаи Хумб бо дарозии 26 км, Кӯлоб –Шамсиддини Шоҳин  бо дарозии 32 км, Душанбе –Бохтар,  марҳилаи 1 ва 2» бо дарозии 73 км, дар маҷмӯъ 131 км роҳ бо 19 пул ва дигар  иншооти роҳ  ва чор  долони зиддитармавии иловагӣ бо дарозии  умумии  400  метр дар роҳи автомобилгарди  Душанбе- Хуҷанд – Чаноқ аз километри  48  то 80  ба истифода  дода шуданд.

Азим Иброҳим афзуд, ки соли гузашта  корҳои сохтмонӣ  дар лоиҳаҳои нави  сармоягузорӣ,  бунёд ва таҷдиди  роҳҳои автомобилгарди  Роғун-Обигарм –Нуробод,  марҳилаҳои 1 ва 2, қитъаи  Қизилқалъа-Бохтар, Ҳулбук –Темурмалик –Кангурт,  Данғара –Оқмазор, Қалъаи Хумб –Ванҷ –сарҳади ноҳияи Рӯшон, пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули  ноҳияи Фархор, лоиҳакашӣ, харид ва  васлу насби  системаҳои  ҳавотозакунӣ, чароғонкунонӣ, системаи оташхомӯшкунӣ  ва назорати бехатарии  нақби «Истиқлол» оғоз гардиданд.  Ҳамзамон корҳо  дар лоиҳаи  навсозӣ ва таҷдиди  роҳи автомобилгарди Хуҷанд –Конибодом, пул аз болои дарёи Ғунд  дар шаҳри Хоруғ  ва  таҷдиди роҳҳои автомобилгард  ва бунёди  долони зиддитарма  дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон дар марҳилаи оғоз қарор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат  иброз намуда буданд, ки «давоми солҳои  2022-2026 зиёда аз 1000 км роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд».

          АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 17, 2022 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид