Дар Суғд ҳамкории муштарак дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта миёни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

Февраль 7, 2022 08:32

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ «Пахтакор Голд Текстил»-и Ҷумҳурии Узбекистон Меҳриддин Юсупов мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта мубодилаи афкор намуданд, иттилоъ дод котиби хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба АМИТ «Ховар».

«Тавассути сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародар тавсеа ёфта, робитаҳо дар бахшҳои мухталиф тақвият меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику узбек то имрӯз аллакай чанд корхонаи муштарак фаъол намуданд»,- иброз намуд  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо Меҳриддин Юсупов.

Мавсуф вобаста ба имконияти вилоят дар самти истеҳсолу коркарди пахта маълумот дода, изҳор дошт, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин ҷода корҳои назаррас амалӣ созанд. Соҳибкорони узбек дар навбати худ доир ба фаъолияти корхонаи «Пахтакор Голд Текстил», ки яке аз корхонаҳои муваффақ аст, маълумот дода, омодагии худро барои амалисозии тарҳҳои муштарак баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир низ ҳузур дошт.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Февраль 7, 2022 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад