Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати соҳаи кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав шинос шуд

Февраль 21, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти​ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ​ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҳамроҳ бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ҷиҳати шиносоӣ бо​ ҳолати соҳаи кишоварзии​ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ноҳияи Шаҳринав рафт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.

Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакатро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода истиқбол намуданд.

Сулаймон Зиёзода нахуст ба пойгоҳи обкашии «Қаратоғ» рафта, бо вазъ ва иқтидори кории ин пойгоҳ шинос шуд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот ва барқарор намудани иқтидори аввалаи кории пойгоҳ ба масъулин супориш дод.


Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат дар кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Талбак Сафаров» иштирок намуда, аз фаъолияти гармхонаи парвариши помидор дар хоҷагии деҳқонии «Ҳақризо», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов дидан намуд.

Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ аз минтақаи Долони Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов дидан намуда, бо ҷараёни кишти ғалладонагиҳои барвақтӣ дар талу теппаҳо аз наздик шинос шуд. Дар аснои бозгашт Сулаймон Зиёзода ба корхонаи ҶСП «Парандапарварӣ»-и ноҳия рафта, аз фаъолият ва иқтидори ин корхонаи истеҳсолӣ боздид намуд.

Зимни мулоқот муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро ба ҳозирин расонида, зикр намуд, ки баҳри истиқболи сазовори 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёду барқарорсозии корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ саъю талош намоем.


АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Февраль 21, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид