Санъат Раҳим: Дар Солҳои рушди саноат истеҳсолот бояд ду маротиба афзоиш ёбад

Февраль 1, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022–2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд. Ин маънои онро дорад, ки дар  ин муддат истеҳсолот бояд ду маротиба афзоиш ёбад, аз ин рӯ месазад, ки ба корхонаҳои истеҳсолӣ мутахассисони соҳаи саноат ҷалб карда шаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки чунин мутахассисонро омода намоем»,- чунин ибрози назар намуд сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Мавсуф афзуд, ки дар соҳаи саноат мутахассисони баландихтисос фаъолият доранд, аммо ба ҷуз иқтисодиёту истеҳсолот бояд ба  корҳои бехатарии саноатӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Аз ин рӯ мутахассисони соҳаи саноат тайёр карда, онҳоро дар корхонаҳои саноатӣ бо кор таъмин намудан зарур мебошад.

Ҳамзамон дар нишаст оид ба фаъолияти Хадамот маълумоти муфассал дода шуда, зикр шуд, ки дар корхонаву иншооти зериназоратии хадамот соли 2021 ҳамагӣ 39 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 24 нафар ҳалок ва 45 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар корхонаҳои зериназоратии хадамот соли 2021 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2020  8 адад зиёд гардида, шумораи шахсони фавтида ба 16 нафар расида, шумораи шахсони ҷароҳатбардошта 12 нафар зиёд гардидааст.

Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохушро роҳбари Хадамот ба  бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ зимни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин нарасидани мутахассисони соҳавӣ рабт дод.

Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбат ба 5 нафар шахсони мансабдор ҷазои ҷавобгарии ҷиноӣ татбиқ карда шуда, инчунин нисбат ба 13 нафар шахси ҳуқуқӣ, 40 нафар шахси мансабдор ва 5 нафар шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардид, яъне онҳо  ҷарима баста  шуданд. Маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбат ба масъулин 2 643 000 сомониро ташкил дод.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Февраль 1, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд