Завқӣ Завқизода ва Лени Монтиел татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мусоидат барои амалигардонии ҳадафу афзалияти рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лени Монтиел дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Мусоҳибон барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи маҳал ва амалисозии Ҳадафҳои рушди устуворро муҳим арзёбӣ намуданд.
Пешниҳод гардид, ки дар лоиҳаи Барномаи кишварии БРСММ барои солҳои 2021-2025 рушди устувор, ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди иқтисоди сабз ва иқтисоди рақамӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






