Виктор Ким: Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо буҳрон ва андешидани тадбирҳои зарурии зиддибуҳронӣ таҷрибаи кофӣ дорад
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон борҳо ба ҳолатҳои буҳронӣ дучор шуда, имрӯз Ҳукумат дар мубориза бо онҳо, андешидани тадбирҳои зарурии зиддибуҳронӣ ва ҳалли мушкилоти бамиёномада таҷрибаи кофӣ дорад. Дар ин бора ходими хурди илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Виктор КИМ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Елена БАТЕНКОВА иброз дошт.
Ба андешаи ӯ, агар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон танҳо бо мушкили зинда мондан дар шароити буҳронӣ рӯбарӯ шуда бошанд, пас дар Тоҷикистон аллакай дақиқ дарк мекунанд, ки дар сатҳи Ҳукумат ва ҷомеа чӣ корҳо бояд анҷом дода шаванд.
«Яъне, дар ҳоле, ки дигар кишварҳо талош доранд, дар давраи буҳронӣ наҷот ёбанд, Тоҷикистон аллакай ба он масуният пайдо кардааст», — тазаккур дод Виктор Ким.
Ба эътиқоди ӯ, набояд интизор шуд, ки дар Тоҷикистон ягон навъи буҳрони амиқи иқтисодӣ ё ғизоӣ ба вуҷуд меояд, ин фикрест, ки бо ақидаҳои маъмулӣ мувофиқат намекунад.
«Аввалан, шаҳрвандони кишвар аз ҷиҳати равонӣ барои ҳалли мушкилоте, ки дар пасманзари буҳронҳои муайян ба миён меоянд, омодаанд. Ин аз ҳама муҳим аст. Барои воҳима сабабе нест. Чаро? Зеро солҳои зиёд аст, ки Ҳукумати кишвар барои ҳар 2-3 сол маҳсулоти зарурӣ захира мекунад. Сониян, бо боварӣ метавон гуфт, ки ба шарофати рушди соҳаи кишоварзӣ аҳолӣ ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ эҳтиёҷ нахоҳад дошт», — шарҳ дод ходими хурди илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ.
Дар аксар давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон якчанд тадбирҳои зиддибуҳронӣ андешида шуданд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, пас аз ҷорӣ гардидани бастаи таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Ғарб нисбат ба баъзе шарикони асосии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таъсис дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






