Дар Данғара таъмини иҷрои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10— и Ҷамоати деҳоти Оқсу бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ноболиғон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки имрӯзҳо сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфта, падару модарон низ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тадбирҳои зарурӣ андешида, барои маърифатнок шудани онҳо шароити хуб фароҳам оварда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, барои боз ҳам беҳ гардидани вазъ ва ба донишандӯзиву аз худ кардани касбу ҳунар ва интихоби тарзи ҳаёти солим роҳнамоӣ кардани онҳо аз мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама аз падару модар ва омӯзгорон масъулияти бештар тақозо мегардад.
Таъкид гардид, ки падару модарон дар таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ташаббускору фаъол бошанд.Фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватан ҳидоят созанд, то ин ки дар оянда тавонанд аз фарзандони содиқу номдори худ ифтихор намоянд.
Аксҳо: Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара










ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






