Ҷашни Наврӯзро дар Истанбул ботантана таҷлил намуданд

Март 30, 2022 08:24

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 март бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он тақрибан 300 нафар шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷики муқими кишвари иқомат ширкат варзиданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУДОВА хабар медиҳад.

Ҳамоиши мазкур пас аз садо додани сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия  бо суханони ифтитоҳии Консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул  Мурод Саидзода оғоз гардид.

Консули генералӣ ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, зикр намуд, ки “мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо ташаббуси сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузурги аҷдодиамон мақоми байналмилалӣ касб намуд ва ин ойини деринаи ниёгонамон ҳар сол дар саросари мамлакат ва берун аз он бо иштироки тамоми ҳамватанонамон таҷлил мегардад. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.”

Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Истанбул бахшида ба ҷашни Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби Консулгарӣ мусобиқаи футбол байни шаҳрвандони тоҷики муқими Истанбул доир гардид, ки дар он 7 даста иштирок намуд. Мусобиқа ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда шуданд. Дар ин ҷашн аз ҷониби Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони 3 дастаи аввал ҷоизаю сипосномаҳо супорида шуданд. Ҳамзамон дар ҳошияи барнома ба як гурӯҳ шаҳрвандони фаъоли тоҷики муқими Истанбул сипосномаҳо “Барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ-фарҳангӣ дар хориҷи кишвар” тақдим гардиданд.

Инчунин дар маҳфил гӯшаи фарҳангӣ бо дастархони наврӯзӣ, ки дар он хӯрокҳои миллии кишвар бо суманак гузошта шуда буданд, манзур гардид, то шаҳрвандон ва меҳмонон аз он дидан намуда, худро дар Ватан эҳсос намоянд.

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар сатҳи олӣ таҷлил гардида, дар ин ҷамъомад санъаткорони кишвар, аз ҷумла овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Давлатманд Холов, овозхонони маъруф Дилшоди Файзулло ва Зулайхо Маҳмадшоева бо сурудҳои Ватан, Наврӯз ва ғайра  табъи меҳмонону шаҳрвандонро боз ҳам болида сохтанд.

Дар фарҷоми барнома якҷо бо шаҳрвандон, санъаткорону ҳунармандон ва намояндагони Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул аксҳои хотиравӣ гирифта шуданд.

АКСҲО аз муаллиф

Март 30, 2022 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд