БАРОБАР ШУД ШАБУ РӮЗАТ, МУБОРАК! Имрӯз соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон Наврӯз фаро мерасад

Март 20, 2022 11:01

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Имсол Наврӯзи Аҷам дар қаламрави Тоҷикистон 20 март, соати 20:30 ба  вақти маҳаллӣ фаро мерасад, иттилоъ дод директори  Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ба хабарнигори АМИТ «Ховар». 

Мавсуф афзуд, ки тибқи ҷадвали астрономӣ 20 март, соати 15:30 ба вақти ҷаҳонӣ Замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодиса 20 март, соати 20:30-и  вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд. Бояд гуфт, ки лаҳзаи гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст. Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб ба вуҷуд меояд, ки ин баробаршавии шабу рӯз мебошад. Тавре мегӯянд:

Бародар, иди Наврӯзат муборак!
Барбар шуд шабу рӯзат, муборак!

Гулчеҳра Қоҳирова зикр кард, ки фосилаи вақт миёни ду гузашти пайдарҳами Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳориро соли астрономӣ  меноманд. Бинобар ин соли нави астрономии 2022  соати 20:30-и 20 март оғоз мешавад.

Дар Ватани мо ин вақт ҳамчун Наврӯз машҳур аст. Ҳамин тавр Наврӯз, ки маънои «рӯзи нав»-ро дорад, аз нуқтаи назари астрономӣ рӯзи эътидоли баҳорӣ мебошад.

Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад ва ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ба дин ягон вобастагӣ надорад.

Ба гуфтаи олими тоҷик, барои инсоният талаботи ҳисобкунии вақт дар давраи хеле қадим пайдо шудааст. Одамон фосилаҳои вақтро бо ҳодисаҳои такроршавандаи табиат муқоиса мекарданд. Масалан, тағйирёбии шабу рӯз воҳиди табиии шумораи вақт ба мисли шабонарӯз мебошад. Тағйирёбии фаслҳои сол ҳамчун воҳиди ҳисобкунии вақт истифода мешавад. Дар замонҳои хеле қадим  одамон дар асоси мушоҳидаҳои визуалии (танҳо бо чашм) ситораҳо, сайёраҳо ва Офтоб давомнокии солро муайян мекарданд. Давомнокии солро дарк намуда, нуқтаи сарҳисоби онро минбаъд муайян карданд. Ҳамин тавр, сарчашмаи илми астрономия аз чунин мушоҳидаҳо ва назарияҳо пайдо гардид. Тараққиёти чандинасраи илми астрономия доир ба ҳодисаҳои такроршавандаи табиат фаҳмиши боэътимодро  таъмин намуд.  Ивазшавии шабу рӯз ба гардиши кураи Замин дар атрофи тири меҳвари худ вобаста аст ва тағйирёбии фаслҳои сол бо гардиши Замин дар атрофи Офтоб алоқаманд мебошад.

Гулчеҳра Қоҳирова зикр кард, ки ҳар сол 20 ё 21 март Замин аз миёни нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Заминро аз миёни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ  меноманд. Бинобар ин, сарҳисоби соли нави астрономӣ аз ҳамин ҳодиса оғоз мегардад. Инчунин дар вақти гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ баробаршавии давомнокии шабу рӯз (эътидол) ба вуҷуд меояд. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар илми астрономия ҳамчун нуқтаи сарҳисоби вақт қабул шудааст. Бинобар ин, тамоми олимон ва мутахассисони ҷаҳон мавқеи ҷирмҳои осмониро бо мутобиқ кардан ба ин лаҳзаи эътидоли баҳорӣ муайян менамоянд.

Дар зери таъсири ҷирмҳои дигари низоми офтобӣ тири меҳвари гардиши Замин дар фазо ҳаракати мураккаб мекунад. Аз ин сабаб нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз рӯи эклиптика андак ҷой иваз мекунад.  Ин ҳодисаи тағйирёбии ҷойгиршавии нуқтаи эътидоли баҳориро астрономи Юнони қадим Гиппарх дар асри II пеш аз милод кашф карда буд, ки онро претсессия меноманд. Бинобар ин, лаҳзаи гузаштани нуқтаи эътидоли баҳорӣ ҳар сол ба 20 ё 21 март рост меояд.

Фаъолияти ҳаматарафаи инсон дар рӯи Замин ҳамеша ба ҳаракати Офтоб вобастагӣ дорад. Ва шак нест, ки фаъолияти меҳнатии одамон тибқи тақвим сурат мегирад. Тақвимҳо бар асоси ҳаракати Замин дар атрофи тири меҳвари худ ва дар атрофи Офтоб, инчунин ҳаракати Моҳ дар атрофи Замин ва ҳаракати якҷояи Замину Моҳтоб дар атрофи Офтоб тартиб дода мешаванд. Дар ин замина ба ҳамагон се намуди тақвим – қамарӣ, қамарӣ-шамсӣ ва шамсӣ маълуманд, ки дар Тоҷикистон тақвими шамсӣ ва қамарӣ мустақиман мавриди истифода қарор доранд.

Дар соҳаи илми астрономия ва кайҳоншиносӣ тамоми олимони дунё новобаста аз дину оин ва миллати хеш барои муайан намудани замону макон (координатаҳо)-и  ҷирмҳои мунири осмон аз тақвими астрономӣ истифода мебаранд, ки дар он давомнокии сол дар асоси мушоҳидаҳо ва саҳеҳии вақт дақиқ муайан карда мешавад.

Тоҷикистон, ки аз ҳисоби ҷойгиршавӣ ва иқлими хоси худ барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад, ба пешрафти илми астрономия дар кишвар бо мақсади таъсис намудани марказҳои байналмилалии илмӣ ва тадқиқотии астрономӣ мусоидат намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ се расадхонаи астрономии замонавӣ вуҷуд дорад: Расадхонаи астрономии Ҳисор, Расадхонаи астрономии байналхалқии «Санглох» ва Расадхонаи баландкӯҳи Помир — Комплекси астрономии рӯизаминии офтобии Помир (КАРОП).

Расадхонаи астрономии байналхалқии Санглох соли 1980 дар мавзеи зебоманзари Санглохи ноҳияи Данғара, дар масофаи  километри 90-уми ҷанубу шарқии маркази ҷумҳурӣ- Душанбе, дар баландии 2300 м аз сатҳи баҳр бунёд гардида, аз ҷиҳати шароити астроклиматӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 20 соли аз фаъолият бозмондан аз нав барқарор карда шуд, ки ин муҳимтарин рӯйдоди соҳаи астрофизика дар замони истиқлолият мебошад.

Расадхонаи мазкур бо системаи телескопии Ричи-Кретен, диаметраш 1 метр, спектрографи «UAGS», камераи фотометрӣ — поляметрии Шмидт (110/150), телескопи 60-сантиметраи Тсейсса ва телескопи қутраш 1-метраи фирмаи Карл-Тсейси Олмон (Тсейс 1000) муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо ин асбоби нодир мушоҳидаҳои кометаҳо, астероидҳо (сайёраҳои хурд), ситораҳои тағйирёбанда ва дигар объектҳои кайҳонӣ гузаронида мешуданд. Расмҳои аввалини кометаи Галлей, ки соли 1986 ба Офтоб наздик шуда буд, гирифта шуданд. Мушоҳидаи ин кометаи машҳури системаи офтобӣ, ки дар 76 сол як маротиба дар осмони Замин пайдо мешавад, хеле муҳим буд ва астрономҳои тоҷик тавонистанд ин корро ба анҷом расонанд. Дар солҳои бесарусомонии 90-уми асри гузашта ин асбоби дорои аҳамияти ҷаҳонӣ корношоям  гардида, давоми 26 сол фаъолият накард.

Моҳи июни соли 2016 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох»-ро бо телескопи Тсейсс-1000 баъди барқароршавӣ аз нав ифтитоҳ намуданд ва расадхона ба фаъолият шурӯъ кард.


Олими тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова афзуд, ки баистифодадиҳии ин телескопи калонтарин дар Осиёи Марказӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ имконият медиҳад, ки ҷирмҳои хурдтарину дуртарини кайҳон мушоҳида шуда, зери таҳқиқ қарор гиранд. Телескопи Расадхонаи Санглох имконият медиҳад, ки ҷирмҳои андозааш 10 см дар масофаи 40 ҳазор км мушоҳида ва таҳқиқ карда шаванд.

Ҳамин тариқ, мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмонӣ, ки ба онҳо бевосита Институти астрофизикаи АМИТ машғул аст, тақозои замон буда, баҳри беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ дар рӯи Замин равона карда шудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 20, 2022 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода