Дар ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кушониён маркази саломатӣ ба истифода дода шуд

Март 22, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯшониён бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдулозода, Вазири маориф ва илм Раҳимҷон Саидзода ва дигар меҳмонон дар деҳаи Бофандаи Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи мазкур Маҷмааи «СИМО» иборат аз маркази саломатӣ, маркази савдо, толори варзишӣ, толори баргузории ҷашну маросимҳо ва дорухона ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ мамлакат.

Гуфта шуд, ки маҷмааи мазкур аз тарафи сокини ҳамин деҳа Фарҳод Челиев бо харҷи беш 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ки туҳфаи арзанда дар  ҷашни Наврӯз ба сокинони деҳа мебошад.

Маркази саломатии «Само» бо мутахассисони баландӣ тиббӣ таъмин гардида, бо тамоми таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷҷаҳаз гардидааст, ки метавонад ба сокинони деҳа дар сатҳи баланд   хизмат расонад.

Роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон тамоми сокинони ин деҳотро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ  табрик намуда, ба Фарҳод Челиев барои бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ дар деҳа миннатдории самимии худро баён намуданд.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Март 22, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд