Дар арафаи ҷашни Наврӯз ба кормандони муассисаи манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳринав кумак расонида шуд

Март 20, 2022 10:03

ШАҲРИНАВ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ва дастгирии соҳибкори саховатпеша Рузибой Шоев ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷиҳати дастгирии маъюбону ниёзмандон ба 40 нафар кормандони муассисаи манзилию коммуналии ноҳия, ки баҳри тозаю озода ва обод нигоҳ доштани ноҳия заҳмат мекашанд, кумаки моддӣ,  аз қабили орду равған расонида шуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Кормандони муассисаи манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳринав бо шукургузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат  барои пайваста зоҳир намудани чунин  ғамхорӣ  изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки масъулини ноҳияи Шаҳринав ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ аввалин шуда онҳоро  табрик намуда, бо кумакҳои хеш меҳнати софдилонаи моро қадрдонӣ менамоянд.

Ҳифзи иҷтимоии ниёзмандону ятимон ва хайру саховат намудан ба онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маншаъ мегирад.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав баҳри  амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлату  ҳукумати мамлакат бобати хидмат ба ниёзмандон, эҳтиёҷмандон ва маъюбон талош менамояд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Март 20, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид