Дар Душанбе Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар Душанбе вобаста ба муаррифии Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ намуд.
Гуфта шуд, ки Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 соли 2021 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, тавассути агентиҳои Созмони Милали Муттаҳил, ба монанди Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), инчунин Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҷамъияти Олмон оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон дар ҷаласа меҳмонон доир ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ибрози андеша намуданд.
Дар идома аз ҷониби як гурӯҳ мутахассисон доир ба Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.
Дар ҷаласа инчунин Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йозефсон, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протман, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ, роҳбари Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ хонум Наташа Болман ва мутахассисони барномавии ташкилоти хориҷӣ иштирок намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






