Дар Душанбе оид ба фарҳанги истифодаи Интернет ва бехатарии наврасон дар шабака мулоқот доир шуд

Март 12, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Маркази рушди касбияти Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дарс – вохӯрии номзади илмҳои педагогӣ, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Шавкат Каримзода дар мавзӯи «Фарҳанги истифодаи Интернет ва бехатарии наврасон дар шабака» бо хонандагони муассиса баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Шавкат Каримзода зимни суҳбати озод бо хонандагон зикр намуд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи итгилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ равона гардидааст.

Аз ин рӯ ҳамасола барои ба низоми ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ ворид гардидани соҳаи маорифи пойтахт якчанд барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо қабул карда шуданд.

“Насли наврасро зарур аст, ки бо истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ ба илмомӯзӣ, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ рӯй оварад ва дар оянда ба пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ такя намуда, мутахассиси соҳибкасб гардад. Дар шароити имрӯза, ки талабот ба кадрҳои соҳибкасб дар бозори меҳнат зиёд мешавад, хонандагонро зарур аст, ки илмҳои замонавиро аз худ намуда, ба стандартҳои байналмилалӣ баробар гарданд”,-афзуд мавсуф.

Дар идома миёни Шавкат Каримзода ва хонандагон суҳбати самимӣ доир гардида, хонандагон озодона саволҳои худро пешниҳоди меҳмон гардониданд. Хонандагони Муассиса бобати интихоби бошууронаи касб, роҳҳои муваффақ гардидану соҳибихтисос гаштан ва усулҳои аз худ намудани илмҳои муосиру забонҳои хориҷӣ мароқ зоҳир намуданд.

Дар муассисаи мазкур бо мақсади омодагии хонандагон ба фаъолияти мустақилона, дуруст интихоб намудани касб Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст, ки вазифаи асосии он бевосита маълумоти мушаххас додан оид ба касбу кори гуногун, мусоидат дар интихоби дурусти касб, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо шахсони  муваффақ дар ҷодаи фаъолияти касбӣ ва машварати касбӣ мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

 

Март 12, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд