Дар Душанбе олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни технология оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар расми ифтитоҳи олимпиада сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода гуфт, ки баргузор намудани Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат), ки таҷрибаи нахустин на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ ва минтақа арзёбӣ мегардад, давоми мантиқии дастгириҳои иқдому ташаббусҳои наву тоза дар соҳаи маориф мебошад.
Зикр шуд, ки олимпиада баҳри дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагон ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмию амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии насли наврас роҳандозӣ шудааст.
Дар даври шаҳрии олимпиада дастаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, нахуст донишҳои назариявии худро тавассути супоридани санҷишҳои тестӣ ва нақшакашӣ пешниҳод намуданд.
Дар назар аст, ки дар идомаи кори олимпиада довталабон лоиҳаҳои эҷодии худро муаррифӣ намуда, инчунин тибқи супоришномаҳо корҳои амалиро иҷро намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) пагоҳ, 12 март низ ҷараён мегирад.
АКС: Сарраёсати маорифи ш. Душанбе








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






