Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим» дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо намояндагони ташкилоти швейтсарии CARITAS дар Душанбе барррасӣ гардид.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим» аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии кишвар татбиқ ва аз сӯи Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ва директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода зикр намуданд, ки масъалаҳои техникии лоиҳаи мавриди назар барои таъмини устуворӣ баъди ба анҷом расиданаш муфассал мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. Инчунин зарурати муайян намудани минтақаҳое, ки лоиҳаи мазкур дар он ҷо самаранок татбиқ мегардад, мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омодасозии Ёддошти ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ










ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






