Дар Хатлон бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бузкашӣ доир мешаванд

Март 17, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 21 март дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ оғоз мегарданд. Барномаи театрӣ ва савту навои дилангез бо иштироки ҳунармандони  ҷумҳурӣ пешниҳоди сокинон ва меҳмонони вилоят  гардида, баҳри ҳаводорони варзиш   мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бузкашӣ доир мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

21 март,  соати 10:00 дар варзишгоҳи марказии «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳунармандони шинохта ва ҳаҷвнигорон баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз чорабиниҳои иловагии фарҳангӣ – варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ доир мешаванд.

21 март,  соати 10:00 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ ва  дар ҳамин рӯз,  соати 14:00 баргузории мусобиқаи бузкашӣ дар Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и ноҳияи мазкур  дар назар дошта  шудааст.

Ҳамчнин гуфта шуд, ки баргузории барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳанармандони ноҳияи Ҷайҳун дар варзишгоҳи марказии ноҳия, дар ин сана соати 10:00 ва дар ҳамин рӯз ташкилу баргузории мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, соати 14:00 ва баргузор намудани мусобиқаи пойгаҳ ва бузкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Панҷ, соати 11:00 дар назар аст.

Бахшида ба ҷашни байнилмилали дар варзишгоҳи навбунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи театрии  фарҳангӣ 21 март,  соати 10:00 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз,  соати 10:00 дар варзишгоҳи ба номи Уктам Амакови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати шаҳраки Балх мусобиқаи гӯштини миллӣ, инчунин дар ҳамин рӯз,  соати 10:00 дар Ҷамоати шаҳраки Балх, деҳаи Сомониён  мусобиқаи пойгаҳи  аспдавонӣ  ва бузкашӣ баргузор мегарданд.

Мухлисону ҳаводорон ва паҳлавонону човандозҳо метавонанд дар ин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалӣ Наврӯз дар фазои орому осудаи Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир мешаванд, иштирок намоянд.

                              

Акс аз манбаъҳои боз

Март 17, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд