Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон якчанд қарори дахлдор қабул шуд

Март 30, 2022 13:22

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Дар иҷлосия масъалаҳо «Дар бораи тасдиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ», «Дар хусуси Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018», « Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018», «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод  Камолзода, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир,  муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ,  Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода,  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони мардумӣ Комрон Исмоилиён, Баҳриддин Зиёӣ, Равшан Раҷабзода, Абдуҷаббор Умарзода муаррифӣ намуданд.

Сипас аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: МН МО ҶТ

Март 30, 2022 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид