Дар Кӯшониён беш аз 5 ҳазор нафар сокинони ноҳия Наврӯзи оламфрӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Кӯшониён бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Вазири маориф ва илм Раҳимҷон Саидзода, сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳо ва беш аз 5 ҳазор сокинони ноҳия таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи оламфрӯз доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.
Сараввал меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои наврӯзӣ ва варзишгарон дидан намуда, сипас дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҷамъомадӣ тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Икромидин Вализода иброз намуд, ки ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ва анъанаҳои воқеан ҳам бемислу монанд то замони мо омада расидааст. Оид ба пайдоиш ва таърихи пурғановат, тартиби баргузории ин ҷашни кӯҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандон мақолаю рисолаҳои арзишмандро рӯи қоғаз овардаанд. Беҳуда нест, ки ҷашни Наврӯз бо мурури замон дар байни дигар миллату қавмҳои тамоми дунё эътибори хосса ба худ касб намудааст, ки онҳо низ онро ҷашн мегиранд.
Хамзамон мавсуф афзуд, ки маҳз ба фасли зебои сол ва оғози кишту кори деҳқон рост омадану таҷассуми анъанаҳои нотакрори Наврӯзӣ ба монанди орбезон, гулгардон, ҷуфтбаророн, оташпаррон, суманакпазӣ, хонарӯбон, бозиҳои наврӯзӣ ва сайри Наврӯз ба ин ҷашн ҳусну таровати хосса зам намуда, онро миёни дигар миллату қавмҳо маъруфу маъмул гардонидааст.
«Зинда кардани тамаддуни аҷдодиамон ва ба ин васила бори дигар ба тамоми олам муаррифӣ намудани арзишҳои миллии мо ва ҳифзи ин арзишҳо кору пайкори доимии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, ки ҳар яки мо бояд бечуну чаро ба қадру манзалати он бирасем. Байналмилалӣ гардидани Наврӯз худ гувоҳи он аст, ки аҷдодони мо чигуна фарҳанги бою пурғановат доштанд ва онро кишварҳои зиёд пазироӣ намуда, бо шакли қадимааш қабул намуда ҷашн мегиранд», — гуфт ӯ.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода сокинону ҷамъомадагони ноҳияро бо фарорасии ин ҷашни бошукӯҳӣ миллӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар як хонадон рӯзгори осоишта, тинҷиву амонӣ ва ба марди деҳқон ба омодагии кишти баҳорӣ бурдбориҳоро таманно намуд.
Барномаи фарҳангӣ, ки аз тарафи аҳли ҳунари фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо таронаҳои гулрези Наврӯзӣ ва баҳорӣ саршор буд, меҳмонон ва сокинони ноҳияро болидахотир ва шоду масрур намуд.
АКСҲО: Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Кӯшониён










«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






