Дар Осорхонаи миллӣ оид ба тасвири Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон намоиш баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш оғоз мегардад, ки дар он тасвири ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомӣ, кундал ва кандакорӣ дар рӯи чӯб ба тамошо гузошта мешавад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, чун анъана ҳар сол дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз намоиш доир мегардад. Намоиши имсола аз солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад, ки инро тамошобинон танҳо баъди дидан мефаҳманд.
Мавсуф зикр намуд, ки дар намоишҳои қаблӣ ба тамошобинон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки давоми як сол Осорхонаи миллӣ бо роҳи харид, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона дастрас менамуд, манзур мешуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наврӯз — суннати мондагори Ваҳдат аст» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону нависандагон ва донишҷӯён суҳбати «мизи мудаввар» баргузор мегардад.


Бояд гуфт, ки осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррифи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.
Инчунин дар Осорхонаи миллӣ толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






