Дар шаҳри Ҳисор иқдоми «Суманак-пайки Наврӯз» доир шуд
ҲИСОР, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳудуди шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Суманак- пайки Наврӯз» иқдоми идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Суманак ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад, ки ифодагари намоду нишони ҳаёт ва маданияти рӯзгордории тоҷикон мебошад. Аз ин хотир тибқи анъана ва суннатҳои наврӯзӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сабзаи суманак ҳамчун пайки накӯи Наврӯз парварда, ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва идораю муассисаҳои ҳудуди шаҳр тақдим карда шуд.
Мояи ифтихормандӣ ва сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки имрӯзҳо тамоми мамолики дунё, аз ҷумла кишварҳои таҷлилкунандаи ҳавзаи Наврӯз ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалиро ҳамчун рамзи накӯӣ, оғози кишту кор таҷлил менамоянд. Иқдоми мазкур бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифтааст.
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам тозаю озода намудани манзилу маҳал, дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаи ниёзманди аҳолӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбону бечорагон, ятимону бепарасторон, тақдими гулҳои аввалини баҳорӣ ва сабзаи навруста аз русуми хос ва фарҳанги қадимии мардуми тоҷик башорат медиҳад.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






